Тиб ва беҳдошт/Муҳити зистФарҳангЧеҳраҳо

Маҳзун, Маҳзун, дили маро хун кардӣ…

Сафар Айюбзодаи Маҳзун, шоири шинохтаи тоҷик, шаби 21 ноябр дар бемористони “1-ум Советский”-и шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид. Ҳамагӣ як рӯз қабл аз маргаш Маҳзун дар саҳифааш дар Фейсбук навишта буд: “Дар 1Советский зери асбоби нафас қарор дорам. Дуо кунед, ки то мурдана зинда бошам))” Моҳи май бародари калонии ӯ Бобоҷон Аюбов дар синни 70 аз коронавирус ҷон бохта буд. Агар умр вафояш мекард, Сафар Айюбзодаи Маҳзун баъди якуним моҳ – 7 январи соли 2021 ба синни 65 мерасид…

Сафар Айюбзодаи Маҳзун 7 январи соли 1956  дар деҳаи Дараи Оби ноҳияи Шӯрообод ба дунё омада, дар деҳаи Боғи Ҳабиби ноҳияи Мӯъминобод ба камол расидааст. Ӯ риштаи забону адабиёти тоҷики Донишкадаи Кӯлобро ъатм карда, солҳои тӯлонӣ дар нашрияҳои вилоятҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб кор кардааст.

Муаллифи китобҳои шеъри «Нафаси ишқ», «Шарораи шавқ», «Ай ишқ, наҷотам деҳ!», «Ранҷи ишқ ширин аст», «Саду як дарди ишқ», «Сурайёнома», «Гулбоз», «Ҷоно, падару модарат аз ёд мабар!», «Афсонаи шодӣ», «Бадеҳаи

ашк», «Таронаи ишқ», «Давлати ишқ», «Таронаи ифтихор», «Сад пора дили маҳзун» ҳамчунин намоишномаҳо  «Базми хосаи Мушбону», «Ашӯламоҳ ва Фалакбой», «Чароғи маърифат», «Гуфтугӯ бо театр» ва «Моҷаро» буд.

Аз соли 2001 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Сафар Айюбзодаи Махзун

Дар 1Советский зери асбоби нафас қарор дорам. Дуо кунед, ки то мурдана зинда бошам))

Фурқат Саидзода

Устод Сафармуҳаммад Айюбзодаи Маҳзун ҳам моро тарк карданд. Баргигул Давлатшоева як корманди тиб аз Маркази тиббии шаҳрии 1 хабар расонид. Худо раҳматашон кунад.

Хайриддин Хайрандеш

ДОҒНОМА

Маҳзун! Маҳзун! Дили маро хун кардӣ,

Доғи дили дӯстонат афзун кардӣ.

Дишаб ҳамаро ба ҳазл мамнун кардӣ,

Имшаб ҳамаро, дареғ, маҳзун кардӣ. )))

Маҳзун! Маҳзун! Дурӯғ дунёи данист,

Не хайри фақир, не вафодори ғанист.

Аз умри ту фаҳмидам, ки чӣ ҳаст ҳаёт,

Аз марги ту фаҳмидам, ки марг омаданист.

Маҳзун! Маҳзун! Бародари ҷонии мо,

Як бор наомадӣ ба меҳмонии мо.

Мамнун – мамнун зи дори дунё рафтӣ,

Во бехабарии мову нодонии мо. (((

Khiromon Nematzoda

Шоире буд,, ки тахаллус ба Маҳзун, Маҳзун,
Буд ин Марди Худо бо дили мафтун, Маҳзун.
Гарчӣ аз дарду алам нест раҳоӣ зи фалак,
Бизад имшаб ба ҳама дард шабехун Маҳзун
Нокасон гарчӣ шикастанд ҳама дандонаш
Ҷони худ карда раҳо баски ба берун Маҳзун*
Ҷойи солим ба куҷо монад аз ин ҷабри фалак,
Чӣ бигӯям, ки ба ҳолат ҳама Маҷнун Маҳзун
Менишаст дар ҳама маҳфил баски поён зи ҳама,
Давлате дошт, аҷаб ҳолати афсун Мафтун.
Буд рӯзе, ки бародар ба сараш мушт зада,
Ба сараш тоқию қалбаш ҳама пурхун, Мафтун.
Ба лабаш хандаву бар дил ғаму андуҳу фироқ,
Буд қалбаш ҳама аз ишқ пурафсун Маҳзун.
Рафт бо умри паямбар, рафт муслим зи ҷаҳон,
Буд як гулназаре бо ғами афзун Мафтун.

*дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ зӯроварон шоир Маҳзунро бераҳмона лату кӯб карда дандонҳояшро шикастанд.

Синои Абӯалӣ

 

ДАР СӮГИ УСТОД САФАР АЮБЗОДАИ МАҲЗУН

Маҳзун зи ҷаҳон бирафту дил шуд маҳзун,

Аз дида ба ҷои ашк меборад хун.

Садҳо сухани нагуфтаро бо худ бурд,

Доғи дили хастаи Ватан шуд афзун.

Ҷуз шеър надошт дар бисоташ ганҷе,

Аз қорунакони давр ҳам буд Қорун.

Ғамҳои дилаш пушти табассум пинҳон,

Аз олами бе меҳру вафо шуд берун.

Маҷнуни ғазал ба кишвари руъё рафт,

Лайлои ғазал дигар наёбад Маҷнун.

Аз давраи Рӯдакӣ ба ин дам, то ҳол,

Раҳме ба ғазалсаро надорад гардун.

Имсол аҷал фақат адибонро бурд,

Ё Рабб ба ҳоли мондагон раҳме кун.

Маҳзуни аламкашидаро эй Соҳиб,

Бинмой Ту дар биҳишти сармад маскун.

СИНОИ АБУАЛӢ

Исмоил Зарифӣ

ДАР ЁДИ ДӮСТ

Аз марги ту ман зору парешон гаштам,

Бо қалби шикаста дидагирён гаштам,

Маҳзуни азизи мо, чу рафтӣ зи миён,

Ҳамсояи дарду оҳу афғон гаштам.

Робия Холмирзо

Фоҷиаи рӯзгори як шоир дар ҳаҷми як шеър…

Равонат шод бод,

Сафар Аюбзодаи Маҳзун…

ГӯШВОРАИ ТИЛЛО

Боре китоби шеъри маро хонда огаҳе

«Ояд зи лаҳну накҳати шеъри сафеди ту

Бӯйи умед»,- гуфт.

Аммо сафед нест раҳи рӯзгори ман,

Чашми сиёҳи духтаракам пештар аз ин

Шеъри сафед гуфт.

Як ман фақат бидонаму донад Худои ман,

К-аз рӯзгори тираам он шеъри дардро

Чашми сиёҳи духтари ман чун гирифта буд.

(Дуздида буд санъати ашъори ҳуснро)

Аз обуранги сунъии ҳамсоядухтарак

Мазмун гирифта буд.

Он рӯз пештар зи гаҳи коррафтанам

Пайванди умри ман ҳаваси гӯшвора кард.

Чашми сиёҳи ҳалқаи ӯ бас умед дошт,

Бар мағзу устухони дилам сахт кора кард.

Бар гӯш гӯшвора намудам ниёзи ӯ,

Гуфтам, ки шеъри хеш барам пеши оқилон.

Аммо китоби шеъри маро кас намехарид

Дар шаҳри бедилон.

Он рӯз баргҳои умеду талоши ман

Дар чанги бод буд.

Бадхоҳи ман бидида чунинам ҳақиру зор,

Аз ҷаҳл шод буд.

Ёрони бениёз зи рӯи ниёзи ман

Метофтанд рӯ.

Гӯӣ, ки обрӯи ману ҷуръати маро

Мебурд оби ҷӯ.

Бар хона ҳамчу одами бегона бегаҳӣ

Ҷону диле пур аз ғаму аз дард омадам.

Чун мард рафта будаму номард омадам,

Бо кисаи тиҳӣ.

Оваҳ, чи сахт буд дами рӯ ба рӯ шудан,

Аз ман умед духтари ман гӯшвора дошт.

Аз байти абрувони сиёҳаш дамида буд

Шеъри сафеди дард чу маънии умри ман

Як матлаи ҳазин

Бар коғази ҷабин.

Ман хоки роҳ гаштаму аз хоки раҳ ҳанӯз

Оре, умед духтари ман гӯшвора дошт.

Ташбеҳи меҳр буд дар он шеъри чашмҳо-ш,

Дар мақтаи нигоҳ вале истиора дошт…

Исмоил Зарифӣ

ЁДАТ БА ХАЙР, САФАР АЮБЗОДАИ МАҲЗУН! ҶОЯТ ҶАННАТ БОШАД.

БОЗ АЗИЗЕ, ЯЪНЕ САФАР АЮБЗОДАИ МАҲЗУН, КИ ҲАФТУМИ ЯНВАРИ СОЛИ 2021 65—УМИН СОЛГАРДИ УМРИ ХУДРО ҶАШН МЕГИРИФТ, БА ОН РӮЗ НАРАСИДА МОРО ТАРК ГУФТ. ДАР ЗЕР ЧАНД ҒАЗАЛ ВА ШАРҲИ ҲОЛИ АДИБИ НОМВАРРО МУТОЛИА НАМОЕД.

ИЛТИҶО

Худовандо, ҷудо аз ман магардон дӯстонамро,

Макун холӣ зи нақши пойи ёрон остонамро.

Фурӯғи сӯҳбати огаҳдилон бошад ғазалҳоям,

Ба дасти ҷоҳилон маспор шеъру достонамро.

Зи базми беғамон дурам бикун, к-аз ғусса мемирам,

Дучори ман бигардон дилбари ороми ҷонамро.

Аё ширинзабон, бе ту, биё, ки коми ман талх аст,

Ба шаҳди бӯсаҳои худ бикун ширин забонамро.

Дами маргам зи Ҳофиз, ҷойи Ёсин, байт хон, Маҳзун,

Ки бо шеъри равон хоҳам супоридан равонамро.

ФАРХУНДАҲОЛАМ КУН

Ҳаво абрист, маҳзунам, биё, фархундаҳолам кун,

Дилу ҷони маро равшан зи хуршеди ҷамолат кун.

Чу орӯям, зи гулҳо шаҳд меҷӯям, намеёбам,

Туӣ шаҳдам, магӯям булҳавас, некухисолам кун.

Чаманроиҳа оғӯши чу фирдавси ту мехоҳам,

Дар он боғи ҳарам яктопарасти бемисолам кун.

Ҳамегӯянд шеъри дилпазир аз дард мерӯяд,

Бисӯзон, шоирам кун, шоири соҳибкамолам кун.

Маро гар дӯст медорӣ ва гар нашнохтам қадрат,

Ба побӯс узр овардам, гунаҳкорам, ҳалолам кун!

БА ДИЛ

Субҳат ба хайр, эй ки сафо парварӣ ба дил,

Хуршедвор нуру зиё оварӣ ба дил.

Эй чашмасон зулолу чу анфоси субх пок,

Лоик туӣ ба мартабаи доварӣ ба дил!

Дар гандаоби давр, ки ғукон кунанд ҳукм,

Умеди ҷону хандаи нилуфарӣ ба дил.

Зохид ба лаб ҳақорату ботилтаҳорат аст,

Эй майпарасти ишқ, Худо офарӣ ба дил.

Маҳзун, сухан магӯй ба ҷуз аз каломи ишқ,

К-ин умр зуд бигзарад, кайфар барӣ ба дил.

ҲИҶО-ҲИҶО ФАНД АСТ

Агарчи шеъри нигоҳат ҳиҷо-ҷиҷо фанд аст,

Ба ҳар ҳиҷо-ш дилам мубталову побанд аст.

Баёзи шеъри маро ҳарф-ҳарф агар хонӣ,

Чакомаи дили аз дарду ғусса хурсанд аст.

Тарақ-тарақ гузарт, дил тарап-тарап болад,

Садои пои туро ҷонам орзуманд аст.

Ҷаҳон пур аст зи таҳқиру ҳарзаву дашном,

Баҳои шеъру сухан кас напурсадам чанд аст.

Биё, ба чон бихарам шаҳди нозу дашномат,

Ки ин ҳадис зи ашъори Ҳофизам панд аст.

Чалап-чалап ба лабам бо лабат ҳақорат неҳ,

Бимон ҳақорати он лаб макам, ки чун қанд аст.

Қадам-қадам ба адам меравад дили Маҳзун,

Азиз дор варо, туҳфаи Худованд аст!

МОДАР

Ғамхортар ба олам набвад мисоли модар,

Тавлид мешавад ишқ дар зери боли модар

Ӯро азиз медор фархундабахт фарзанд,

Ғофил мабош, эй ҷон, як дам зи ҳоли модар.

Фарзанд давлати ӯ, фарзанд сарвати ӯ,

Меҳр асту раҳму шафқат молу маноли модар.

Ҷуз ёди бахту сураш – фарзанди роҳдураш

Фикре дигар нағунҷад андар хаёли модар.

Чун аст ҳоли ҷонам – фарзанди меҳрубонам?

Ин аст рӯзу шабҳо бар худ саволи модар.

Парҳезад аз ғадорат, бадкорию ҳақорат,

Оне, ки хурда бошад шири ҳалоли модар.

Андар ғурӯб , Маҳзун, шед аст чеҳрапурхун,

Эй кош ки набинем асло заволи модар!

ИД МУБОРАК!

Ид омада айёми вабо, Ид муборак,

Мирад вай аз ин шодии мо, Ид муборак!

Ҳайфо, ки рабуд аз барамон ёру бародар,

Худ низ шавад дафъу фано, Ид муборак!

Бархост, зиҳӣ, лашкари африштаи испед,

Бар куштани ин Деви Сиё, Ид муборак!

Бояд, ки бидонем ғанимат дами шодӣ,

Бошад ғами мо ҳам гузаро, Ид муборак!

Офияти ИНСОН биталаб ҳамраҳи Маҳзун,

Эй дӯст, зи эҳсони Худо, Ид муборак!

САФАР АЙЮБЗОДАИ

МАҲЗУН 7 январи соли

1956 дар деҳаи Дараи Оби ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон таваллуд ёфта, дар Боғи Ҳабиби ноҳияи Мӯъминобод ба камол расидааст.

Фаъолияти

меҳнатиаш, баъди хатми

факултаи филологияи Донишкадаи давлатии

омӯзгории Кӯлоб, дар ноҳияи Вахш аз

омӯзгорӣ сар шуда, баъди чанд моҳи

муаллимӣ ба шуъбаи маорифу фарҳанг ва адабиёти рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати

Қӯрғонтеппа» ба кор гузаштааст. Аз ҳамон

дам дар соҳаи матбуоту фарҳанги музофотию

ҷумҳуриявӣ фаъолият дорад.

Нахустин шеърҳояш аз айёми донишҷӯйӣ

дар рӯзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд. Муаллифи китобҳои шеъри «Нафаси ишқ», «Шарораи шавқ», «Ай ишқ, наҷотам деҳ!», «Ранҷи ишқ ширин аст», «Саду як дарди ишқ», «Сурайёнома», «Гулбоз», «Ҷоно, падару модарат

аз ёд мабар!», «Афсонаи шодӣ», «Бадеҳаи

ашк», «Таронаи ишқ», «Давлати ишқ», «Таронаи ифтихор», «Сад пора дили маҳзун» ва ғайра мебошад.

Асарҳои саҳнавии ӯ «Базми хосаи Мушбону», «Ашӯламоҳ ва Фалакбой», «Чароғи

маърифат», «Гуфтугӯ бо театр», «Моҷаро» ва

ғайра дар театрҳои гуногуни мамлакат

саҳнагузорӣ шудаанд.

Оҳангсозони номӣ Шарофиддин Сайфиддинов, Хайрулло Абдуллоеа, Фаттоҳ Одинаев, Амирбек Мӯсоев, Мирзоватан Миров, Қудратулло Ҳикматов ба матни баъзе аз ашъораш оҳанг бастаанд.

Шеъру асарҳои саҳнавии алоҳидаи нависандаи олмонӣ П. Вайс, адибони рус В. Сергеева, О. Журавлёва, Н. Беседин, В. Березев ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.

Аълочии фарҳанг ва матбуоти Ҷумҳурии

Тоҷикистон, дорандаи ордени Бунёди

фарҳанги «Шараф ва мардонагӣ» СанктПетербург, медали «Хизмати шоиста».

Дорандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ.

Узви Иттиҳодияи арбобони театр,

Иттифоқи журналистон.

Аз соли 2001 узви Иттифоқи нависандагони

Тоҷикистон аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button