Дин ва боварҳоҶомеа

Фарҳанги қабристонсозӣ

Аловиддин Бӯриев, журналисти тоҷик: Қабристон, гӯристон ва ё худ мақбара як ҷузъи ҳаёти инсонист. Чун Парвардигор ҷон офарид, рӯзе он ба охир мерасад ва ҳар ҳар кодоми мо новобаста ба мансабу кору феълу атвору касб, хуллас касе набошем, ин ҷаҳонро падруд мегӯем ва қабристон тани беҷони моро ба оғӯш мегирад. Борҳо ёру дӯстонро дар шаҳру навоҳии гуногун ба хок супоридаем ва чун чашм бинанда аст, аз тартибу низоми қабристонҳо дидан мекунем. Кам ба назар мерасад, ки дар Тоҷикистон ба тартибу низоми қабрканиву гӯристонсозӣ аҳамият дода бошанд, пароканда, гӯре рӯи гӯри дигар ба ҳам печида ва амсоли инҳо….

Аловиддин Буриев

Маданияти қабристонсозиро ёд гирифтаем, омӯзед!

Қабристон, гӯристон ва ё худ мақбара як ҷузъи ҳаёти инсонист. Чун Парвардигор ҷон офарид, рӯзе он ба охир мерасад ва ҳар ҳар кодоми мо новобаста ба мансабу кору феълу атвору касб, хуллас касе набошем, ин ҷаҳонро падруд мегӯем ва қабристон тани беҷони моро ба оғӯш мегирад. Борҳо ёру дӯстонро дар шаҳру навоҳии гуногун ба хок супоридаем ва чун чашм бинанда аст, аз тартибу низоми қабристонҳо дидан мекунем. Кам ба назар мерасад, ки дар Тоҷикистон ба тартибу низоми қабрканиву гӯристонсозӣ аҳамият дода бошанд, пароканда, гӯре рӯи гӯри дигар ба ҳам печида ва амсоли инҳо….

Дар шаҳрҳои гуногуни дунё инсонҳо новобаста ба қавму миллат ва дину адён ба қабристони гузаштагони худ ғамхории арзанда мекунанд ва зебо месозанд, ҳато сайёҳон ба тамошои онҳо мераванд

Дирӯз дӯсти наздикеро баъди марг ба қабристони нави Навободи шаҳр овардем ва бо ӯ падруд гуфта ба хок супоридем. Қабристон тибқи низоми муайяну зебо тарҳрези шудааст ва теппаи ноободро ободу дилрабо гардонидааст. Баъди чанд соле дарахтон ҳам дар бари марқадҳо камол меёбанд ва боз шукӯҳу шаҳомати манзили охиратро намоён мекунанд.

Бале, ин ҷо қабристон аст ва рӯҳи мурдагон аз ғамхории инсонҳо шоду масрур хоҳад буд…

Ба қабристонҳо, ки ҷои некиву савоб аст, дур аз кинаву бадбинию душманию бадхоҳиву бадгӯиву хуллас тозаву оромӣ аст ва охирин роҳи бандагони Худост, аҳамят диҳед!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button