ВидеоНомаҳо ба президент

ВИДЕО: Хитоби Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ба президент: Бигузоред, зиндагиамонро пеш барем

Журналист Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, ки қаблан дар радиои “Садои Душанбе” кор мекард ва ҳоло аз ҳисоби таксиронӣ (таксиҳои 5-сомонӣ) зиндагиашро пеш мебарад, дар як видео аз президент Эмомалӣ Раҳмон, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ва раиси дастгоҳи президент Озода Раҳмон хост, то ба мардуме, ки таксиронӣ мекунанд, имкон бидиҳанд, ки озодона рӯзгори худро пеш баранд. Пирмуҳаммадзода гуфт, рӯзи 16 ноябр, ки дар Тоҷикистон рӯзи Президент таҷлил мешуд, ӯро ду маротиба ба маблағи 580 сомонӣ ҷарима бастаанд.

Бино ба иттилои расида, баъди нашри ин видео Абдусаттор Пирмуҳаммадзода аз ҷониби мақомот мавриди бозпурсӣ қарор гирифтааст. Пирмуҳаммадзода гуфт, ҳадафаш аз нашри ин видео ба гӯши мақомот расондани садои мардум буд, то фикри мардумро ҳам кунанд.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода

Рӯзи ПРЕЗИДЕНТ барои ман танҳо онгоҳе муборак хоҳад буд, ки …

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button