Хабарҳои кӯтоҳ

Ҷанги 4 амакбача дар Душанбе бо кордзанӣ анҷом ёфт

Ҷангу ҷанҷоли амакбачаҳо бо кордзанӣ анҷом ёфт

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 59-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони авбошӣ дастгир карда шуд. 

Номбурда, санаи 22-юми октябри соли 2020, тахминан соати 17:20-дақиқа, дар кӯчаи А.Назарии пойтахт бо маслиҳати пешакӣ бо ҳамсояаш марди 46-сола, бе ягон асос аз ҳиссиёти авбошӣ бо писарамаконаш: 3 нафар мардони 57, 50 ва 48-солаи сокинони шаҳри Душанбе ҷангу ҷанҷол кардааст.
Дар натиҷа, номбурда бо корди дар дасташ буда, 1-маротиба ба таги чашми рости як писарамак ва 1-маротиба ба дасти рости писарамаки дигараш задааст, ки онҳо ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.
Нисбати номбурда аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванлаи ҷиноятӣ бо моддаи 237 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button