Хабарҳои кӯтоҳ
Ғорати 2000 сомонӣ бо таҳдиди буридани забон
Ошкор шудани ҷинояти тамаъҷӯӣ
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон
Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ аризаи марди 30-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ворид гардид, ки санаи 10-уми ноябри соли 2020, тахминан соати 18:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Варзоби ш.Душанбе қарор доштанаш, шахсони номаълум бо лезвияи дафтардорӣ (канселярӣ) таҳдиди забонашро буридан карда, бо роҳи тамаъҷӯӣ аз ӯ 2000-сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 3 нафар марди 28, 30 ва 31-солаи сокинони н.Ҳамадонӣ ва ш.Душанбе, ки як нафари онҳо пеш бо моддаи 318 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуданд. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.