Хабарҳои кӯтоҳ

Додгоҳ Абдумалик Қодировро дар мақоми роҳбари “Интернюс” барқарор кард

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзи 19 ноябр таҳлилгари шинохтаи тоҷик Абдумалик Қодировро дар мақоми роҳбари намояндагии созмони “Интернюс” дар Тоҷикистон барқарор кард.  Абдумалик Қодиров моҳи март аз мақоми раҳбарии “Интернюс” ба сабаби “тамдид нашудани қарордодаш” барканор шуда буд. Вале ӯ бо тасмими роҳбарони созмон розӣ нашуд ва бо ин даъво, ки “беасос барканор карда шудааст”, ба додгоҳ муроҷиат кард.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳамчунин қарор кардааст, ки “Интернюс” маоши Абдумалик Қодировро аз моҳи апрел то ноябр ҷуброн карда, ҳамчунин  20 ҳазор сомонӣ хароҷоти додгоҳиро низ пардохт кунад.

Созмони “Интернюс” рӯзи 20 ноябр дар вокунишаш ба қарори додгоҳ дар мавриди дар вазифаи пешинааш барқарор кардани Абдумалик Қодиров  гуфт, Қодиров барканор ё аз вазифа озод нашуда, балки муҳлати қарордоди корияш дароз нашудааст“.

“Интернюс” дар баёнияи расмиаш гуфт, ба қарори додгоҳ эҳтиром мегузоранд ва тасмими ниҳоӣ баъд аз дарёфти қарори расмӣ гирифта мешавад. Заминаи дурусти ҳуқуқӣ барои барқарор накардани шартнома бо Абдумалик вуҷуд дошт ва мо идома надодани шартномаро дуруст мешуморем”, — гуфта шудааст дар изҳороти созмон.

Ба қавли маъсулони созмон, ин як баҳси корӣ буд, ки дар он Абдулмалик Қодиров дар заминаи қонунӣ барои дароз накардани шартномаи фаъолияташ дар созмон баҳс мекард. “Қарори барқарор накардани шартнома дар дафтари марказии ташкилот қабул карда шуд ва роҳбарият барои ин сабабҳои муайян дошт“, – омадааст дар хабарнома.

Аммо дар иттилоияи “Интернюс” “сабабҳои муайян”-и тамдид нашудани шартномаи корӣ бо Абдулмалик Қодиров шарҳ дода нашудааст.

Хабарномаи “Интернюс” ҳамчунин мегӯяд, новобаста аз он ки Абдулмалик Қодиров дар вазифаи расмии раҳбари барқарор мешавад ё не, ӯ ба тарҳҳоиИнтернюсдар Тоҷикистон, ки аз сӯи сармоягузорони хориҷӣ маблағгузорӣ мешавад, рабт нахоҳад дошт.”

Абдумалик Қодиров яке аз коршиносони тоҷик аст, ки пайваста дар бораи вазъи сиёсӣ ва масоили вобаста ба озодии баёну матбуот назар медиҳад. Ӯ дар гузашта дар сафорати Амрико ва намояндагии пажӯҳишгоҳи инъикоси ҷанг ва сулҳи Бритониё дар Душанбе кор кардааст.

“Интернюс”, ки як муассисаи байналмилалии ғайридавлатӣ аст, аз солҳои 90-ум дар Тоҷикистон ба кор оғоз кард ва барои рушду матбуоти мустақил, таъмини онҳо бо дастгоҳҳои нав ва боло бурдани таҷрибаву маҳорати хабарнигорони тоҷик кумак мерасонад. Мусоидат ба рушду такомули қонунгузории матбуот бахши дигаре аз кори “Интернюс” аст.

Манбаъ: https://www.ozodi.org/a/30961008.html

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button