КоррупсияХабарҳои кӯтоҳ

Боздошти раиси ширкати “Само” барои заминфурӯшӣ ба маблағи 1,6 миллион сомонӣ

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод, ки раҳбари филиали ширкати ҳолдингии “Само” дар ноҳияи Дӯстӣ Ятимов Ҳ.У. ва шариконаш бо ваъдаи ҷудо кардани қитъаҳои замин аз шаҳрвандон як миллиону 648 ҳазор сомонӣ гирифтаанд. Нисбат ба онҳо бо иттиҳоми қаллобӣ парванда кушодаанд.

Тасарруфи маблағи 1.648.000 сомонӣ барои ҷудо намудани қитъаи замин

Ятимов Ҳ.У. дар вазифаи роҳбари филиали ҶСП Ширкати холдингии “Само” дар ноҳияи Дустӣ кор карда истода, бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Эргашов А. бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд Примқулов Чорӣ барои аз ҳудуди деҳаи Гоголи Ҷамоати деҳоти Нури Вахши ноҳияи Дӯстӣ ҷудо намудани ду қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба масоҳати 0,10 га., маблағи 130000 сомонӣ талаб намуда гирифта тасарруф намуда, бо ин кирдораш ба охирин зарари махсусан калони моддӣ расонид.

Ғайр аз ин, Ятимов Ҳ.У. ва дигарон бо чунин тарзу усул аз шаҳрвандон Ахматов С. маблағи 65000 сомонӣ, Усанов А. маблағи 189000 сомонӣ, Джумаков Қ. маблағи 120000 сомонӣ, Худойбердиев Х. маблағи 130000 сомонӣ ва Бойбуриев Б. маблағи 900000 сомонӣ гирифта, онҳоро тасарруф намуда ба шаҳрвандон зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Ҳамин тариқ, Ятимов Ҳ.У. ва дигарон ҷамъ маблағи умумии 1648000 сомонии шаҳрвандонро гирифта тасарруф намудаанд.

Оиди ҳолатҳои мазкур нисбати Ятимов Ҳ.У. ва дигарон бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Маркази матбуоти Агентӣ

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button