Фарҳанг

Аз дасти ҳамин ғурбати худ хаста шудам ман…

Safar Abdulloh

Аз дасти ҳамин ғурбати худ хаста шудам ман

Бо ёди Ватан зиста, вобаста шудам ман

Эй атри Ватан, ояи ҳастии ман эй Ишқ

Дур аз туву оғӯши ту дилхаста шудам ман.

Ҳар ҷои ҷаҳон дилкашу зебову фиребост

Аммо чи кунам, бо ту ба ҷон баста шудам ман

Гар ҳастии ман пеши шукӯҳи ту ҳақир аст

З-ин ҳастии худ оҳ ки бишкаста шудам ман.

Ҳоло зи Ватан боди хазон мевазад афсӯс

З-ин боди хазон аз дилу ҷон хаста шудам ман.

Эй қавми парешони ман эй мояи ҳастӣ-м,

Чун рӯд ба дарёи ту пайваста шудам ман

Бедор бибояд буду ҳушёр дар ин даҳр,

Фардои дурахшон зи ту вораста шудам ман.

Safar Abdulloh

Дарди ҳар одами бедард маро хоҳад кушт,

Ҳоли ин мардуми хунсард маро хоҳад кушт.

Маърифат коста, фарҳанг заъиф аст кунун,

Бетафовут будани мард маро хоҳад кушт.

Чашм бикшодаву фардонигарӣ бояд кард,

Ин ақаббингарӣ дард аст, маро хоҳад кушт.

То ба кай муфтахарӣ аз салафи худ ба ҷаҳон,

Нохалаф будану ин дард маро хоҳад кушт.

Дигарон гар ҳама фардонигаранду боҳуш,

Мо ки вопаснигару тард, маро хоҳад кушт.

Нисфи мардум зи пайи ризқи парешони худанд,

Ҳоли ошуфта, рухи зард, маро хоҳад кушт.

Хабари марги азизон расад аз сӯи ватан,

Марги ҳар фарди ҷавонмард, маро хоҳад кушт.

Ҳон, эй мардуми озода, чаро хоб шумо?

Инчунин хобу дили сард маро хоҳад кушт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button