Фарҳанг
Санги сабур
Интихобат хобу хобат интихоб аст, эй азиз, Ғафлати бемунтаҳо ҳам райъи беозори туст.
Aziz Sangin
САНГИ САБУР
Ҳар сабуру кисабуре дар паи озори туст,
Ҳар баҳобишкастаe биншаста бо омори туст.
Ҳар фурӯафтода бифрӯшад туро дар Корвон,
Ҳар шутури бешуъуре омири бозори туст.
Интихобат хобу хобат интихоб аст, эй азиз,
Ғафлати бемунтаҳо ҳам райъи беозори туст.
Корвонҳои тамаддун аз канорат мераванд,
Корвони мардикорон ъори ту, осори туст.
Асрҳо осори илму маърифат мекоштӣ,
Ҳарфи посор ин замон дар дафтари рухсори туст!
Сад ҷарас ҳам нашканад нисёнат, эй санги сабур,
Гарчи сад бишкастапо андар шикасти кори туст.
Азиз Сангин,
Донморк, 2019.