Фарҳанг

Ҳодисаи гӯшношунид дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Нависанда ва публитсист Ҳасан Юсуфи Файзбахш дар заминаи як кашмакашӣ дар дафтари кории раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ба сару рӯйи хеш бензин рехта, қасди худкушӣ кардааст.

Ҳодисаи гӯшношунид дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Pressa.tj

Нависанда ва публитсист Ҳасан Юсуфи Файзбахш дар заминаи як кашмакашӣ дар дафтари кории раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ба сару рӯйи хеш бензин рехта, қасди худкушӣ кардааст. “Муносибати дағали Низом Қосим маро ба ин амал водор кард”,-мегӯяд ӯ.

Қазияи қасди худкушӣ кардани Ҳасан Юсуфи Файзбахш дар як номаи бетаҳрири ӯ дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ба нашр расидааст.

Ба гуфти муаллиф Низом Қосим монеи  ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуданаш мешавад ва муносибати дағалонаи вай боис мегардад, ки Ҳасан Юсуфи 70-сола аз худ бехуд шуда, дар ҳолати шок қасди худкушӣ кунад. 

“Нангинтарин воқеа дар таърихи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе, 24 сентябри соли 2020 рух дод. Дар ин рӯз байни ману раиси иттифоқ Низом Қосим дар утоқи кориаш, ҳодисае рӯй дод, ки таърихи инсоният ёд надорад.   Охир Иттифоқи нависандагон даргоҳи адаб аст, ба  адабиёт сарукор дорад. Аммо раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим мани қаламкашро то ба худкушӣ расонид. Ман зарфи бензинро ба сару рӯям рехтам ва оташгиракро баровардам,  ки худро оташ занам”,-менависад, номбурда. 

Ҳамчунин, ӯ зикр мекунад, ки ҳам Низом Қосим ва ҳам яке аз кормандони ҷавони Иттифоқи нависандагон ӯро мавриди латукӯб қарор додаанд, ки дар натиҷа дандонҳояш шикаставу худаш бемору бистарӣ мешавад.

-Санаи 24 сентябр дар ҳуҷари Низом Қосим чӣ гузашт?

-Чаро Ҳасан Юсуфи Файзбахш узви Иттифоқи нависандагон нашуд?

-Чаро Ҳасан Юсуфи Файзбахш ду моҳ муҳри хомӯшӣ ба лаб зад?

Ӯ дар куҷо буд?

-Оё Ҳасан Юсуфи Файзбахш меарзад, ки узви ИН бошад?

-Кароматуллоҳи Мирзо, Ато Ҳамдам, Маҷид Салим ва дигар адибони собиқадор ба эҷодиёти нависанда чӣ баҳо додаанд?

Шарҳи ин ва дигар паҳлӯҳои як қазияи гӯшношунид дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” (№46, 18.11.2020) мутолиа намоед.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button